Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?

Тибқи моддаи 168 Кодекси Ҷиноятии ҶТ, ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби падару модар ё шахсоне, ки духтар таҳти васояти онҳост, ҳамчунин далолат ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан, бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Барои бастани ақди никоҳ бо духтари ба синни никоҳ нарасида ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ-меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Боз суол доред? – пас ба мо нависед.
____
Таблиғ: Шарбати «Нури Зулол» аз ширкати «Оби Зулол» - интихоби онҳоест, ки сифати аълоро қадр мекунанд. Акнун дар зарфҳои шишагии 250 мл
🇹🇯🇵🇰Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 тими миллии Покистонро шикаст дод.

Голҳои дастам моро Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳаннонов ба самар расонданд.

Ин рақобат дар доираи даври охирини марҳилаи дуюми интихобии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футбол - 2026 дар Душанбе баргузор гардид.

Натиҷаи ин бозӣ барои футболбозони тоҷик муҳим ба шумор намерафт, зеро баъди он ки тими миллии футболи кишвар аз дастаи мунтахаби Урдун бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдии мусобиқотро аз даст дода буд.

Тоҷикистон дар 6 бозии худ бо ду ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохт соҳиби 8 имтиёз гардида, дар зинаи сеюми гурӯҳ мавқеъ касб кардааст.

Бояд гуфт, ки дар таърихи футболи тоҷик ягон маротиба дастаи мунтахаби футболи кишвар ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон роҳ наёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон аз 11 июн то 19 июли соли 2026 баргузор мегардад ва бори нахуст се кишвар - Канада, Мексика ва ИМА ин мусобиқаро мизбонӣ мекунанд.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#дунёикӯдак

Инкишофи аввалин дандонҳои ширӣ метавонад ба кӯдак ва волидонаш стресси ҷиддӣ бигардад. Дар нашри навбатии “Дунёи кӯдак” дар бораи чӣ гуна ба кӯдак кӯмак кардан ҳангоми баровардани дандон ва осон кардани ин давра ба волидон тавсияҳои муфид дорем.
____
Таблиғ: Мева ва сабзавоти пухтасоидашудаи кӯдаконаи “Нури Зулол” аз ширкати “Оби Зулол” — ин омехтаи лаззат, фоида ва сифат мебошад.
🔴Рӯзи 17-уми июн дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва дигар сохторҳои низоми маориф рӯзи истироҳат эълон шуд.

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" иттилоъ доданд.

Дар асоси қисми 5-и моддаи 89-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, рӯзи дигари он истироҳат эълон мешавад.

Аз ин рӯ, якшанбеи 16-уми июн иди Қурбон таҷлил шуда ва душанбеи 17-уми июн дар сохторҳои маориф истироҳат эълон гардидааст.

Акс: аз Азия-Плюс

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯🇯🇵Имрӯз, 12 июн, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон Окона Масатака нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, менависад, ки зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф байни Тоҷикистону Ҷопон табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот муовини вазир ба сафири Тоҷикистон дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Ҷопон комёбиҳо таманно намудааст.

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ pinned «“Барои харидани либосҳои мактабӣ пул кор мекунам”. Чаро кӯдакон дар кӯчаву бозор ба аробакашӣ машғуланд? Дар Тоҷикистон талаботи манъи меҳнати кӯдакон риоя намешавад.»
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Бонки исломии рушд (БИР) ва Фондҳои рушди араб сохтмони НБО «Роғун»-ро дар ҳаҷми умумии 550 млн доллар маблағгузорӣ мекунанд.

Аз ҷумла 150 млн доллар аз ҳисоби худи бонк ва боқимонда 400 млн доллар аз ҳисоби Фондҳои рушд ҷудо карда мешавад.

Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. То имрӯз ба сохтмони иншооти мазкур зиёда аз 40 млрд сомонӣ равона шудааст.

Барои амалисозии пурраи лоиҳаи “Роғун” 6,2 млрд доллар маблағ лозим аст.

Иқтидори муқаррашудаи нерӯгоҳ 3600 МВт-ро ташкил дода, пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як сол барқ истеҳсол мекунад.
___
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.

Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
2024/06/12 23:11:07
Back to Top
HTML Embed Code: